- гузар
- I[گذر]1. асоси замони ҳозира аз гузаштан2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои гузаранда: тезгузар, зудгузарII[گذر]1. гузаштан, гузариш; роҳи гузар гузаргоҳ, роҳи равуо2. ҷои убур, гузаргоҳ; роҳи рафтуомад3. сероҳа ё чорроҳаи шаҳру деҳот, ки дар он мағозаву дӯконҳои гуногун, чойхонаву сартарошхона ва ғ. воқеъ аст4. таър. воҳиди ҳудудии маъмурӣ дар шаҳру деҳоти Осиёи Миёна то инқилоби Октябр (мас., гузари Сӯзангарон дар Бухоро, гузари Чинор дар Кӯлоб ва ғ.), маҳалла; гузар афтодан ба ҷое иттифоқан аз ҷое гузаштан, тасодуфан аз ҷое убур кардан; гузар доштан а) гузаштан, убур кардан аз ҷое ё роҳе; б) рафтан ба сӯе, омадан ба назди касе; гузар кардан а) гузаштан, гузашта рафтан; б) киноя аз вафот кардан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.